Дар чанд ҷумла
Президент хостори "тоза" кардани додгоҳҳо ва додситониҳо аз афроди "тасодуфӣ" шуд

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба қонуншиканӣ ва ба коррупсия даст задани бархе аз кормандони додситонӣ ва додгоҳҳо ишора карда, аз раиси Додгоҳи олӣ ва Додситони кулл талаб кардааст, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ, ин ниҳодҳоро "аз афроди тасодуфӣ тоза" намоянд.
"Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед",-гуфтааст оқои Раҳмон рӯзи 13-уми август дар мулоқот бо афроде, ки дар ниҳодҳои додгоҳӣ, додситонӣ ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илм мақоми нав гирифтанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармонҳои президент раисони додгоҳҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминобод, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат афроди нав тайъин шуданд. Манбаъ мегӯяд, дар мувофиқа бо президент додситонҳои ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон, Шаҳритус, Спитамен, Тоҷикобод, шаҳри Исфара ва гарнизони ҳарбии Рашт низ таъйин гардиданд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар хабарномаи рӯзи 13-уми август навишт, дар ҷараёни суҳбат бо додрасҳо ва додситонҳо раиси ҷумҳур ба мубориза ба зидди "амалҳои коррупсионӣ” таъкид кардааст.
Ҷойивазкунии кадрҳо дар низоми додгоҳӣ ва додситонии Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифт, ки охири соли гузашта президент Раҳмон аз боздошту зиндонӣ шудани 25 додраси додгоҳҳои кишвар бо "ҷиноятҳои коррупсионӣ" нигаронӣ карда буд. Айни чунин ҳарфҳо дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо додрасҳо дар моҳи ноябри соли 2019 низ садо дода буд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Илон Маск аз таъсиси ҳизби нав дар Амрико хабар дод

Илон Маск, миллиардер ва муттаҳиди пешини президент Доналд Трамп, аз таъсиси ҳизби нав дар Амрико хабар дод.
Маск шоми 5-уми июл дар шабакаи X (Твиттер) навишт, "имрӯз Ҳизби Амрико ташкил шуд, то озодии шуморо ба шумо бозгардонем."
Аммо миллиардер дар бораи ташкили ҳизби нав ва сабти расмии он чизе нагуфтааст.
Маск, сарватмандтарин шахси ҷаҳон 4-уми июл дар Рӯзи истиқлолияти Амрико дар шабакаи X навишт, "рӯзи истиқлол замони муносиб аст то пурсида шавад, оё хоҳони истиқлол аз низоми дуҳизбӣ (ба гуфтаи бархеҳо яккаҳизбӣ) ҳастед ё не?"
Ба гуфтаи Илон Маск, дар ин назарсанҷӣ 1,2 миллион кас ширкат карда, бештари онҳо ба таъсиси ҳизби нав дар Амрико посухи мусбат додаанд.
Илон Маск хабари таъсиси ҳизби худро як рӯз пас аз он эълом кард, ки Доналд Трамп қонун дар бораи коҳиши молиёт ва хароҷотҳои давлатии Амрикоро имзо кард. Илон Маск яке аз мунтақидони сарсахти ин қонун буд ва онро “харобкорона” номид. Доналд Трамп рӯзи 1-уми июл пешниҳод кард, ки идораи муассирияти кори ҳукумат (Department of Government Efficiency - DOGE) имтиёзҳои барои ширкатҳои Илон Маск додашударо бозбинӣ кунад.
Илон Маск рӯзи 30 май маъмурияти Трампро тарк кард. Он ҷо ӯ давоми 130 рӯз раҳбарии идораи муассирияти кори ҳукумат (DOGE)-ро раҳбарӣ мекард. Ин идораро бо мақсади кам кардани хароҷоти ҳукумат таъсис дода буданд. Вале баъди рафтан аз кори давлатӣ, миёни Илон Маск ва Доналд Трамп баҳсҳои лафзӣ сар зад.
Алии Хоманаӣ баъди се ҳафта аз паноҳгоҳ берун шуд

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ки аз замони ҳамлаи Исроил ба Эрон дар маҳзари ом дида намешуд, дар як маросими азодорӣ ширкат кардааст.
Расонаҳои давлатии Эрон шоми 5-уми июл наворе пахш карданд, ки дар он дида мешавад, ки Алии Хоманаӣ дар як маросими азодории Ошуро ҳузур дорад.
Рӯзи 13-уми июл Исроил ба Эрон ҳамла кард ва аз он вақт Алии Хоманаӣ дар маҳзари ом дида намешуд. Ӯ давоми се ҳафтаи ахир танҳо се паёми видеоӣ нашр кард.
Пеш аз ин Доналд Трамп, президенти Амрико дастикам ду бор гуфта буд, ки монеи кушта шудани Алии Хоманаӣ шудааст. Трамп дар ҷараёни ҳамлаи Исроил ба Эрон гуфта буд, аз ҷойи роҳбари Ҷумҳурии исломӣ огоҳ аст, аммо қасди куштани ӯро надорад.
Трамп: Украина барои ҳимояи худ ба низоми Patriot эҳтиёҷ дорад

Президент Доналд Трамп баъди суҳбат бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский гуфт, Украина барои ҳимояи худ ба низоми дифои ҳавоии Patriot эҳтиёҷ дорад.
Трамп 5-уми июл ба хабарнигорон гуфт, "бо Зеленский гуфтугӯи хуб доштем."
Хабарнигорон аз Доналд Трамп пурсиданд, ки оё Амрико барои Украина боз низоми дифои ҳавоии Patriot медиҳад? Раиси ҷумҳури Амрико дар посух ба ин суол танҳо гуфт, "онҳо барои мудофиа худ ба ин чиз эҳтиёҷ доранд... Онҳо зери ҳамлаҳои шадид қарор доранд ва ба чизе ниёз доранд, ки худро ҳимоя кунанд."
Ахиран Вазорати дифои Амрико интиқоли чанд намуд таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла мушак барои системаи Patriot-ро ба Украина қатъ кард. Ин кор нигаронии Киевро ба миён овард. Олмон барои хариди низоми дифои ҳавоии Patriot барои Украина, бо Вашингтон музокира дорад. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора гирифта нашудааст.
Сафари сайёҳони рус ба Тоҷикистон зиёд шудааст

Тобистони имсол Тоҷикистон дар миёни панҷгонаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки шаҳрвандони Русия барои тамошо ва истироҳат интихоб кардаанд.
Хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 4- уми июл бо такя ба таҳқиқот дар бораи саёҳати шаҳрвандони Русия дар моҳҳои июл ва августи имсол навишт, ки шаҳрвандони Русия барои тамошову саёҳат аз ҳама зиёдтар ба Ҷопону Қибрис ва Вйетнам мерафтаанд ва баъдан ба Тоҷикистону Арманистон.
Сабаби интихоби ин кишварҳо ба навиштаи хабаргузорӣ наздикии кишвар, парвозҳои мустақим ва низоми бераводид байни Тоҷикистону Русия аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки танҳо соли гузашта 335 ҳазор шаҳрванди Русия барои сайру саёҳат ба Тоҷикистон омадааст.
Шаҳрвандони Русия, ки асосан ба Туркия ва кишварҳои аврупоӣ барои саёҳату истироҳат мерафтанд, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина аз ин имконот маҳрум шуданд, чун парвозҳои мустақим байни бисёре аз кишварҳои Аврупо бо Русия қатъ шуд ва ба шаҳрвандони Русия ҳам ба мушкилӣ раводид медиҳанд.
"Ҳамос" мегӯяд, ки ба тарҳи ИМА барои оташбаси Ғазза "посухи мусбат" додааст

Гуруҳи фаластинии "Ҳамос" эълон кард, ки ба тарҳи оташбаси Ғазза бо миёнаравии Амрико "бо руҳияи мусбат" посух додааст ва омодааст, то фавран музокирот дар мавриди иҷрои ин созишро оғоз кунад.
"Ҳамос" дар баёнияе, ки шоми 4 июл нашр шуд, дар бораи қабул ё ради тарҳи пешниҳодии Амрико ба таври возеҳ сухан нагуфтааст. "Ҳамос"-ро Амрико ва Аврупо созмони террористӣ қаламдод мекунанд.
Дар баёнияи "Ҳамос" омадааст, ки "пас аз баррасиҳои дохилӣ ва ҳамчунин бо дигар гурӯҳҳои фаластинӣ", посухи дорои "руҳияи мусбат" ба миёнаравҳо додааст.
"Ҳамос" айни замон таъкид кардааст, ки омода аст, то фавран вориди даври нав аз музокирот дар бораи шеваи амалӣ шудани ин тарҳ шавад.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз расонаҳои исроилӣ гузориш додааст, ки мақомоти Исроил посухи "Ҳамос"-ро дарёфт кардаанд ва дар ҳоли баррасии ҷузъиёти он ҳастанд.
Президенти Амрико Доналд Трамп бо пешниҳоди оташбаси 60-рӯза, шомгоҳи панҷшанбе гуфт, интизор дорад, ки Исроил ва "Ҳамос" давоми 24 соати оянда посухи худро ироа кунанд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ки қарор аст рӯзи 7 июл дар Кохи Сафед бо Трамп дар Кохи Сафед дидор кунад, ҳанӯз дар мавриди изҳороти президенти Амрико изҳори назар накардааст. Ӯ чанд рӯз пеш гуфт, ки "мо мехоҳем гаравгонҳоро озод кунем".
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ба нақл аз манбаъҳои худ гузориш додаанд, ки "Ҳамос" хоҳони "тағйироти ҷузъӣ" дар тарҳи пешниҳодии оташбас аст. Як мақоми фаластинӣ ба "Рейтерз" гуфтааст, ки "нигарониҳое дар бораи кӯмакҳо, гузаргоҳи Рафаҳ ва шаффофият дар мавриди замони хуруҷуи нерӯҳои исроилӣ, вуҷуд дорад".
Гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ", муттаҳиди "Ҳамос" низ гуфтааст, ки аз музокироти оташбас ҳимоят мекунад, аммо хостори "замонатҳо"-е аст, ки Исроил пас аз озодии гаравгонҳо, ҳамла ба Ғаззаро дигарбора оғоз накунад.
Ҷузъиёти тарҳи мавриди ҳимояти Амрико ба таври расмӣ эълон нашудааст, аммо расонаҳо ба нақл аз манбаъҳои худ, ба баъзе аз нуқтаҳои он ишора кардаанд.
Хабаргузории "Франс-пресс" ба нақл аз як манбаи фаластинии ошно бо музокирот гузориш дод, ки ин тарҳ шомили "оташбаси 60-рӯза аст, ки тайи он "Ҳамос" ниме аз асирони зиндаи исроилӣ дар Ғаззаро (ҳудуди 10 нафар) дар ивази раҳоии шуморе аз зиндониён ва боздоштшудаҳои фаластинӣ", озод хоҳад кард.
Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз як мақоми огоҳ гузориш дод, ки ин тарҳ шомили озодии 10 гаравгони зинда ба ҳамроҳи ҷасадҳои 18 гаравгони дигар тайи оташбаси 60-рӯза аст.
Дар ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023, 1200 нафар исроилӣ кушта ва 251 тан ба гарав гирифта шуданд.
Аз замони оғози ҷанг ва дар пайи ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, беш аз 56 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Мақомоти тандурустӣ дар Ғазза мегӯянд, ки беш аз 100 ҳазор нафар ҳам захмӣ ва ҳазорон тани дигар дар зери вайронаҳо нопадид ҳастанд.
Фавти як кӯдак дар Қубодиён, ки модараш бо корд ӯро захмӣ карда буд

Як кӯдаки шашмоҳа, ки аз сӯи модараш бо зарби корд захмӣ шуда буд, дар бемористони ноҳияи Шаҳритус фавтидааст.
Як масъул дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён гуфт, ки субҳи 5 июл Хадича Ҳомидова ба хок супурда шуд. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, Хадиҷа Ҳомидова аз ноҳияи шикам, болои китф ва дасташ, се корд хӯрда буд.
Табибон қаблан гуфта буданд, ки Хадиҷа Ҳомидова дар бахши эҳёгарии беморхонаи ноҳияи Шаҳритус қарор дорад.
Ҳодисаи ба корд захмӣ кардани кӯдакон дар ҷамоати деҳоти Вокпанти ноҳияи Қубодиён рӯзи 21-уми июн рух дод ва мақомот модари онҳо Юлдуз Бозороваи 24-соларо боздошт кардаанд.
Сабаби ба корд захмӣ кардани кӯдакон маълум нест. Гуфта мешавад, ки кӯдакон Муҳаммадҷони 5-сола, Исои 4-сола ва Ҳадиҷаи 6-моҳа аз оилаи Ҳомидовҳо, сокинони деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён будаанд.
Феълан назари хонаводаи кӯдакон ва зани боздоштшуда маълум нест, вале як сокини деҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юлдуз Бозорова як кӯдакро дар гаҳвора ва ду нафари дигарро дар рахти хоб захмӣ кард. Модари кӯдакон рӯзи ҳодиса аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд.
Як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ аз деҳаи Қизилнишон гуфт, ки оилаи онҳо баҳс ё мушкили хонаводагӣ надошт ва падари кӯдакон хонаҳои мардумро таъмир мекард ва зиндагии осуда дошт.
Хабарҳои ғайрирасмӣ ин аст, ки ҳолати равонии ин зан хуб набудааст.
Феълан назари Умедҷон Ҳомидов, падари кӯдакон ва наздикони Юлдуз Бозорова, ки дар боздоштгоҳ аст, маълум нест.
Бозрасони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ Эронро тарк карданд

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ расман эълон кард, ки гуруҳи бозрасони ин созмон аз Эрон берун шудааст.
Ин ниҳод рӯзи 4 июл дар паёме дар шабакаи Х хабар дод, ки бозрасонаш, ки давоми 12 рӯз ҳамлаҳои Исроил дар Теҳрон ҳузур доштанд, "сиҳат ва саломат" аз Эрон берун шудаанд.
Ҷумҳурии исломӣ аз қабл дастрасии бозрасони Оҷонси байналмилалии энержии атомиро маҳдуд карда буд ва ин гурӯҳ аз бозрасони Оҷонс, ки ахиран Эрон тарк карданд, иҷозаи вуруд ба таъсисоти ҳастаӣ барои арзёбии дақиқи хисороти бархоста аз ҳамлаҳои ҷанги 12-рӯзаро надоштанд.
Ин ниҳод ба нақл аз раиси худ Рафаэл Гросси дар идомаи паёмаш таъкид кардааст, ки ростозмоии фаъолиятҳои Эрон ва назорат бар ин фаъолиятҳо "аз аҳамияти муҳиме бархӯрдор аст".
Хабари хуруҷи бозрасони Оҷони байналмилалии энержии атомӣ аз Эрон ду рӯз пас аз он нашр мешавад, ки Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Ҷумҳурии исломӣ қонуни "Боздоштани ҳамкорӣ бо Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ"-ро имзо кард.
Амрико дар вокуниш ба ин тасмими Эрон, онро ғайри қобили қабул хонд.
СҶТ: молиёт барои нӯшобаҳои ширин ва машрубот 50% зиёд шавад

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) аз кишварҳо хостааст, давоми 10 соли оянда, андоз ё молиёт бар нӯшиданиҳои ширин, алкулӣ ва маҳсулот аз тамокуро 50 дарсад зиёд кунанд. Ин амр ҳам даромади бахши беҳдошти умумиро афзоиш медиҳад ва ҳам истеъмоли ин маводи зарароварро коҳиш хоҳад дод.
Ба гуфтаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ин дархост дар аввали моҳи июл дар нишасти Созмони Милал дар Испания садо дод. Ҳадаф он аст, ки то соли 2035 як триллион доллар даромад аз тариқи андозҳои тандурустӣ ҷамъоварӣ шавад.
Ин созмон мегӯяд, ки истеъмоли нушобаҳои ширин, алкулӣ ва тамоку иртиботи мустақиме бо бемориҳое монанди диабет ва бархе саратонҳо дорад. Намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтаанд, дар замоне, ки кумакҳои байналмилалӣ коҳиш ёфта, қарзҳои кишварҳо афзоиш ёфтааст, даромади ба дастомада аз ин молиёт метавонад барои тақвияти системаҳои тандурустии кишварҳо истифода шавад.
Тедрос Гебрейесус, раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки ин молиёт ба кишварҳо кӯмак мекунад то бо "воқеияти нав" созгор шаванд ва хароҷоти ин бахшро таъмин кунанд.
Нахустин дидори Раҳмон ва Пизишкиён баъди ҷанги 12-рӯзаи Эрону Исроил

Рӯзи 4 июл дар шаҳри Хонкендии Озарбойҷон мулоқоти президентони Тоҷикистон ва Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён барпо шуд. Ин аввалин дидори ду раҳбар ва ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳо баъди ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон мебошад, ки дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) мебошад.
Тоҷикистон дар низои моҳи июн дар Ховари Миёна аз Эрон пуштибонӣ ва ҳамлаҳои ИМА ва Исроилро интиқод кард. Сомонаи президент навишт, “Дар робита ба ҳодисаҳои ахири дар кишвари дӯст рухдода, ҳамдардии самимии Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон ба кулли мардуми бародари Эрон иброз гардид”.
Каме дертар дар ҷараёни ҷаласаи СҲИ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъ дар Ховари Миёна гуфт, ки Тоҷикистон "ҷонибдори коҳиши шиддатнокии вазъ ва барқарорсозии сулҳи пойдор дар Ховари Миёна танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад".
Ба навиштаи сомонаи президенти Тоҷикистон, ҳайатҳо ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд. Президенти Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон “ба таҳкиму густариши беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқаманд мебошад”. Ҷонибҳо ба зарурати идомаи ҳамкориҳо аз рӯи мувофиқаҳои гузашта таъкид кардаанд.
“Фаъолияти Неругоҳи обии Сангтуда-2 ва ҳалли босамари масъалаҳои марбут ба он намунаи неки ҳамкории Тоҷикистону Эрон арзёбӣ гардид”, омадааст дар хабар.
Душанбеву Теҳрон дар даҳ соли охир робитаи печидае доштанд. Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз исломиёни мухолифи давлат муттаҳам мекард. Қарзи "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ва сарнавишти пулҳои тоҷири эронӣ Бобаки Занҷонӣ, баҳси дигари тарафҳо буд. Соли 2019, пас аз имзо шудани санаде, робитаҳои ду кишвар тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Тоҷикистон дар садади истифодаи роҳҳои иртиботии Эрон ба хотири истифода аз бандари Чобаҳор аст.
Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Инчунин рӯзи июл дидори президенти Тоҷикистон бо раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев барпо шуд, ки мизбони ҷаласаи 17-уми СҲИ мебошад.
Дар Тоҷикистон беш аз чил ҳолати гирифтории ҳайвонот ба бемории сӯхтанӣ сабт шудааст – Азия-Плюс

То 1 июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати гирифтории ҳайвоноти хонагӣ ба бемории сӯхтанӣ сабт шудааст. Дар ин бора ба хабаргузории Азия-Плюс Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати бехатарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст.
Ҷаъфаров гуфтааст, ки ба истиснои ВМКБ ва Рашт, ҳолатҳои ошкоршавии бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) дар дигар минтақаҳои кишвар сабт шудааст.
Мутахассис ин бемориро як «хатари мавсимие» номидааст, ки огаҳии ҷиддии сокинонро талаб мекунад, чун хатари аз ҷонварон ва инсон гузаштани он вуҷуд дорад.
Ӯ аз ҳама дастандаркорон, аз ҷумла, молдорон, қассобон, байторҳо ва дигарҳо даъват кардааст, ки гову гӯсфандҳои худро таҳти муоина қарор дода, бахусус пеш аз забҳ сиҳҳатии онро аз назар гузаронанд ва вақти куштани мол мутобиқ ба меъёрҳои санитарӣ амал кунанд.
Дар ҷаласаи сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ президенти Тоҷикистон ҳам иштирок мекунад

Дар Озарбойҷон рӯзи 4 июл ҷаласаи 17-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор мешавад ва дар кори он, аз ҷумла, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат мекунад. Раҳбари Тоҷикистон субҳи ҷумъа вориди шаҳри Боку шуд. Дар ҷаласаи 17-уми раҳбарони кишварҳои узви СҲИ инчунин мақомоти Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркия ва Туркманистон иштирок мекунанд.
Дар иттилоияи расмии ин созмон гуфта шудааст, ки роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар маркази баррасиҳои ҷаласа қарор мегирад.
Ҷаласаи сарон ду рӯз - рӯзҳои 3 ва 4-уми июл дар шаҳри Хонкендии минтақаи Қаробоғи Озарбойҷон барпо мешавад.
Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ як ташкилоти минтақавии байнидавлатӣ буда, соли 1985 таъсис шудааст. Ба узвияти он Туркия, Покистон, Эрон, Афғонстон, Озарбойҷон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Ба иттилои расонаҳои мухталиф, дар ҳошияи ин ҷаласа бархе раҳбарони кишварҳо мулоқоти ҷудогонаи худро барпо мекунанд. Аз ҷумла, Ҳинду Покистон гуфтаанд, ки нахуствазирони ду кишвар бояд бо ҳам дидору гуфтугӯ кунанд ва ҳам мақомоти Туркманистон аз дидору гуфтугӯҳои вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов ва муовини раиси ҳукумати Толибон Абдулғанӣ Бародар хабар додааст. Ҳамкориҳои энерживу мухобиротӣ мавзӯи марказии ин гуфтугӯҳо будааст.
Дар бораи мулоқотҳои ҳошиявии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон феълан хабаре нашр намешавад, вале ба иттилои сомонаи президент, ӯро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёнаш оид ба робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисоду савдо ва нақлиёт ҳамроҳӣ мекунанд.
Трамп ва Путин телефонӣ суҳбат карданд

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико баъд аз як суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, "гуфтугу бо Путин ҳеҷ пешрафте ба бор надошт". Суҳбати телефонии президентҳои ду кишвар шоми 3 июл тақрибан як соат идома кард. Ба навиштаи Кремл, Трамп бори дигар масъалаи қатъи сареи амалиёти низомӣ дар Украинаро матраҳ кардааст. Дар посух Владимир Путин омодагии Русияро ба раванди музокира хабар дода, аммо таъкид кардааст, ки Маскав аз ҳадафҳои худ даст нахоҳанд кашид. Доналд Трамп ба расонаҳо хабар додааст, ки гуфтугӯ "ҳеҷ пешрафте надоштааст" ва ӯ аз вазъи Украина "қонеъ нест". Трамп дар посух ба суолҳои хабарнигорон ҳамчунин гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида ба Украина силоҳи зиёде дода, ин корро дар оянда низ идома медиҳад. Санаи мушаххаси даври сеюми музокироти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Истанбул ва мулоқоти шахсии Трамп ва Путин низ баррасӣ нашудааст. Ба навиштаи расонаҳо, ҷонибҳо дар ин суҳбат вазъи Эрон, Сурия ва умуман Ховари Миёнаро баррасӣ кардаанд.
КДАМ-и Қирғизистон гурӯҳи калони қочоқчии силоҳро боздошт кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аз боздошти як гуруҳи созмонёфтаи ҷиноие хабар дод, ки ба гуфтаи кумита ба қочоқи силоҳу муҳимоти ҷангӣ муттаҳам мешаванд.
Нӯҳ нафар аз узви ин гуруҳ ба он муттаҳам мешаванд, ки бо баҳонаи истифодаи аслиҳа дар замони муноқиша бо Тоҷикистон дар се соли пеш норинҷак ва дигар муҳимоти ҷангиро дуздида ба муштариёнашон мефурӯхтаанд.
Ба қавли Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон яке аз аъзои гуруҳ аз афсарони феълӣ ва дигаре - узви собиқи неруҳои марзбонии кишвар будаанд. Дар баёнияи расмӣ омадааст, ки аз ин гуруҳ чаҳор норинҷак, туфанг ва дигар анвои тир мусодира кардаанд.
Маълум нест, ки боздошти ин афрод кай сурат гирифтааст ва назари худи муттаҳамон ба ҷиноятро наовардаанд.
Аз се кӯдаке, ки модарашон дар Қубодиён бо корд захмӣ кард, як нафараш дар ҳолати сангин қарор дорад

Мақомоти Қубодиён мегӯянд, ду кӯдаке, ки модарашон онҳоро бо корд зада, захмӣ кард, сиҳат шудаанд, вале аҳволи тифли яксолаи ӯ бад аст ва дар бахши эҳёгарӣ зери назари табибон нигаҳ дошта мешавад.
Модари тифлон Юлдуз Бозороваи 24-сола дар боздошт аст ва маълум нест, ки чаро қасди ҷони кӯдаконаш кардааст. Як сокини деҳаи Қизилнишон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Юлдуз Бозорова рӯзи 21-уми июн як тифлашро дар гаҳвора ва ду нафари дигарро дар рахти хобашон захмӣ кардааст ва дигар аъзои хонавода хабардор шуда, онҳоро ба бемористон бурдаанд.
Ҷузъиёти дигари парвандаи ин зан феълан маълум нест.
Видеои се кӯдаки маҷруҳу бистарӣ чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва хашму ҳайрати корбарони зиёдеро ба бор овард, кӣ чӣ гуна модаре қодир аст, чунин кореро дар ҳаққи фарзандони худ кунад.
Тифлони ӯ яке панҷ, дигарӣ 4-сола аст ва хурдӣ ҳанӯз яксола нашудааст. Модари кӯдаконро ҳамон рӯзи ҳодиса дастгир кардаанд.
Ин хабар дар ҳолест, ки бисёр сокинони Тоҷикистонро ҳодисаи ба дарё партофтани чор фарзанд аз ҷониби модарашон дар ноҳияи Фархор ваҳшатзада кардааст. Дар ин ҳодисаи мудҳиш кӯдакон ҳама нобуд шуда, модар зинда аз об берун ва мавриди боздошт қарор гирифтааст. Ин парванда аз рӯи моддаи "куштор" таҳқиқ мешавад.
Le Monde: Дар Фаронса як бонкдори бонуфузи узбекро гаравгон гирифтанд

Тибқи иттилои рӯзномаи фаронсавии Le Monde, рӯзи 23-юми июн дар маркази шаҳри Париж - пойтахти Фаронса, як шахси сарватманд ва намояндаи доираҳои бонуфузи молии Узбекистон — Каҳрамонҷон Олимови 48-сола рабуда шудааст.
Ӯ пас аз тақрибан ду рӯзи дар асорат буданаш баъди пардохти гаравпулие озод гардид. Мақомоти Фаронса ҳодисаро ҳамчун «гаравгонгирӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил» арзёбӣ намуда, як гумонбарро боздошт ва таҳқиқи ҳодисаро ба роҳ монданд.
Каҳрамонҷон Олимов ягона саҳмдори “Анорбанк”-и Узбекистон аст. “Анорбонк”, ба гуфтаи мақомоти узбек, беш аз 1 миллиард доллар сармоя дар ихтиёр дорад ва яке аз 10 бонки пешсафи кишвар дониста мешавад.
Қаҳрамонҷон Олимов рӯзи 21-уми июн аз фурудгоҳи Тошканд ба Париж парвоз карда буд. Ба навиштаи Le Monde, рабояндагон афроди ношинос буда, Қаҳрамонҷон Олимовро аз фурудгоҳи Париж дар дохили мошине ба як виллаи хусусӣ дар наздикиҳои шаҳри Нитса бурдаанд. Ӯ онҷо зери латукӯби шадид қарор гирифт. Ба гуфтаи табибони бемористони «Отел-Дйё» дар Париж, ӯ ҷароҳатҳои зиёд бардошта бистарӣ гардид.
Ҳанӯз мақомоти Фаронса нагуфтанд, ки Олимов бар ивази чӣ миқдор пул озод гардид ва рабояндагонаш киҳо мебошанд. Аз рӯи ин парванда тафтишот идома дорад.