Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 5 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст

Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷин Пин ва президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Чин аз соли 2007 то аввали 2025, ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин оморро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон 30-юми июн дар ҷаласаи порлумон эълон кард. Маҷлиси намояндагон ин ҳафта созишномаи сармоягузорӣ бо Чинро тасвиб кард.

Ба гуфтаи Султон Раҳимзода, аз 5,1 миллиард доллар сармояи Чин ба Тоҷикистон, 2,9 млрд сармояи мустақим ва 2,2 млрд доллар, "дигар намуди сармоягузориҳо" мебошанд.

Мақомдори тоҷик афзуд, сармояи Чин асосан ба бахшҳои истихроҷ, саноати коркард, омӯзиши геологӣ, саноати сабук, алоқа, сохтмон ва насби таҷҳизот равона шудааст.

Султон Раҳимзода

Тибқи омори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ширкатҳои Чин фаъолият мекунанд.

Султон Раҳимзода дар ҳузури вакилон аз Чин ба унвони "яке аз кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон" ситоиш кард, вале дар бораи шикояти сокинони маҳаллӣ аз ширкатҳои чинӣ чизе нагуфт.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, 30-юми июн созишнома миёни Душанбе ва Пекин дар бораи “ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузори”-ро тасвиб кард. Бар асоси ин санад, ки соли 2024 дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Чин Си Ҷин Пин ба Душанбе имзо шуда буд, Тоҷикистон ва Чин ба сармоягузорони ду кишвар имтиёзҳои зиёде додаанд. Аз ҷумла мусодира ё давлатӣ кардани моликияти шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон мумкин нест. Ҳамин муқаррарот барои амволи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин низ пешбинӣ шудааст.

Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Калонтарин конҳои истихроҷи маъдан дар кишвар, аз ҷумла, конҳои тилло ва нуқра дар ихтиёри ширкатҳои Чин аст. Тибқи маълумоти расмӣ, 84 дарсади тилои Тоҷикистонро ду ширкати чинӣ дар Зарафшон ва Покрӯд истихроҷ мекунанд.

Полоишгоҳи корхонаи тилои Зарафшон дар Панҷакент

Мақомоти Тоҷикистон аз фаъолияти чиноиҳо дар кишвар ситоиш мекунанд, аммо баъзе сокинони маҳаллӣ аз кори ширкатҳои Чин норозианд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ дар соли 2024 нишон дод, чиниҳо дар истихроҷи маъдан ва ҳам кишоварзӣ аз технология ва моддаҳои кимиёии зараровар истифода мебаранд. Аз ҷумла, сокинони деҳаи Хумгарон дар канори корхонаи тилои "Зарафшон"-и Панҷакент дар номае ба раисҷумҳур аз афзоиши бефарзандӣ дар оилаҳои ҷавон, таваллуди пеш бармаҳали кӯдакон, фигона ё бачапартоӣ ва афзоиши бемориҳои роҳи нафас ва асаб нигаронӣ карда буданд.

Ду вазири ҳукумати Тоҷикистон ба таҳқиқоти Радиои Озодӣ вокуниш карда гуфтанд, ба натиҷаҳои он розӣ нестанд. Мансабдорони тоҷик, баръакс, аз сармоягузориҳои бузурги Чин ва аз тарзи амали корхонаҳои чинӣ ҳимоят мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз Чин наздик ба 900 миллион доллар қарздор аст.