Чор даста ба нимфинали қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025 роҳ ёфтанд

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён дорад, дастаҳои ширкаткунандаи даври ниманиҳоӣ муайян шуданд.

Дар даври ниманиҳоии мусобиқот чаҳор даста - «Флуминенсе» (Бразилия), «ПСЖ» (Фаронса), «Челси» (Англия) ва «Реал» (Мадрид, Испания) – муборизаро барои унвони қаҳрамони ҷаҳон идома медиҳанд.

Натоиҷи бозиҳои 1/4 финали қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳон-2025 чунин аст:

4-уми июл. «Палмейрас» (Бразилия) - «Челси» (Англия) – 1:2.

5-уми июл. «Флуминенсе» (Бразилия) - «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ) – 2:1.

5-уми июл. «ПСЖ» (Фаронса) - «Бавария» (Олмон) – 2:0.

5-уми июл. «Реал» (Мадрид, Испания) - «Боруссия» (Дортмунд, Олмон) – 3:2.

Ба ин тартиб, дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 8-уми июл «Флуминенсе» бо «Челси» ва 9-уми июл «ПСЖ» бо «Реал Мадрид» рақобат мекунанд. Ғолибони нимфинал дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 13-уми июл доир мегардад, бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико15-уми июн оғоз ёфта буд, то рӯзи 13-уми июл идома хоҳад кард.

Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 32 даста аз шаш конфедератсия иштирок дошт. Бозиҳои мусобиқот дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри ИМА доир шуданд.

Маблағи ҷоизаи мусобиқот 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 125 миллион доллар тақдим мегардад. Маблағи боқимонда байни иштироккунандгони дигари мусобиқот мувофиқи ҷойҳои ишғолкардаашон тақсим карда мешавад.

Мусобиқоти қаҳрамонии бошгоҳҳои футболи ҷаҳон-2025:

1/2 финал

8-уми июл (сешанбе)

«Флуминенсе» (Бразилия) - «Челси» (Англия)

9-уми июл (чоршанбе)

«ПСЖ» (Фаронса) - «Реал Мадрид» (Испания)

ФИНАЛ

13-уми июл (якшанбе)