Фарҳод Неъматов, як паноҳҷӯи тоҷик, ки ахиран аз Шветсия ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи "Ҳизби таҳрир" ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд охири моҳи май баромадааст. Назари маҳкумшуда дастрас нест, аммо наздиконаш мегӯянд, Фарҳод Неъматов ҳаргиз узви ҳеч кадом ҳизбу гуруҳе набудааст.
"Мо аз ин ҳукм розӣ нестем, вале аз болои он ба зинаи бознигарии ҳукм шикоят ҳам накардем, то мушкилоти бештар пеш наорем,"-гуфт яке аз пайвандони Фарҳод Неъматов, ки бо далели амниятӣ нахост, номаш гуфта шавад.
Фарҳод Неъматов моҳи декабри соли 2024 бо се духтари хурдсолаш аз Шветсия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Вай қаблан бо зану фарзандонаш дар Украина мезист ва баъд аз оғози ҷанги Русия ба шаҳри Ҳётеборги Шветсия рафт. Дар ин ҷо чанд дафъа ба гирифтани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ муроҷиат кард, аммо посухи рад гирифт. Ихроҷи ин хонавода аз Шветсия, интиқоди ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овард. Ахиран вакили дифои Фарҳод Неъматов дар Шветсия, аз болои қарори ихроҷи ӯ ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоят бурдааст.
Фарҳод Неъматов аз моҳи феврал дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд буд ва баъди иҷроӣ шудани ҳукми додгоҳ, ба маҳбаси маъруф ба "Якум советский"-и Душанбе интиқол дода шудааст. Наздиконаш мегӯянд, ҳафтаи гузашта Неъматов бо наздиконаш дар маҳбас вохӯрд. Пайвандони ин паноҳҷӯи тоҷик аз мақомот хостаанд, ки Неъматов ба маҳбаси Хуҷанд гузаронда шавад.
"Аз шароити нигаҳдориаш дар маҳбас шикоят надошт, танҳо дар бораи се духтари хурдсолаш мепурсид. Фарҳод хоҳиш кард, ки ӯро ба маҳбаси Хуҷанд фиристанд, то дидорбинӣ бо наздиконаш осонтар шавад,"-гуфт яке аз пайвандони Неъматов.
Фарҳод Неъматов, зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар соли 2019 ҳамроҳи зану фарзандонаш аз Тоҷикистон берун шудааст.
Ин бори аввал нест, ки паноҳҷӯёни тоҷик баъди ихроҷ аз Аврупо дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мешаванд. Чунончӣ Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон ихроҷ шуда, дар Душанбе ба 23 сол зиндон маҳкум гашт.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд ва20 сол гирифт.
Билол Қурбоналиев
Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯи дигари тоҷик ҳам аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.