Умарқул Қулматов, раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ дар заминҳои кишоварзии наздисарҳадӣ аз ҳосили имсолаи боғаш хушнуд аст. Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов даҳуним гектар замини кишоварзӣ дорад. Қулматов соле пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз хушк шудани дарахтонаш шикоят карда буд.Ҳоло шикоят надорад
Умарқул Қулматов, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Турсунбойбобо”: “Боғамонро бинед, зардолу, шафтолу ҳамааш сабзидагӣ нағз. Даҳ рӯз боз ҳосили зардолуро бачаҳо мечинанд. Имсол зардолу шукри худо бисёр нағз шуд. Масъалаи об ҳам назар ба солҳои пештара бисёр нағз аст, шукри Худо. Ҳама чӣ мерасад, бачаҳо хурсанд, деҳқониашонро ҷамъ карда гирифтанд.»
Ба гуфтаи ин кишоварз беҳтар шудани вазъи обёрӣ дар минтақа ба муносибати кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон рабт дорад. Обе, ки ба заминҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов меояд, аз канали Хоҷабоқирғон сарчашма мегирад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Тақсими об одилона сурат мегирад, вале об кам шудааст!"
Умарқул Қулматов: «Муносибаташон хуб аст. Мисли порсол не. Якдигарро, аз дур бинем ҳам, салом медиҳем. Ҳолпурсӣ мекунем. Се рӯз об ба онҳо, се рӯз ба мо дода мешавад. Канал пур шуда меояд. Якуним рӯз он тараф мегузарад, якуним рӯз ба тарафи мо.»
Вале дигар деҳқонони ноҳия мегӯянд, ба сабаби камбориш омадани сол ва тағйири иқлим заминҳое, ки гандуму ҷав кошта буданд, ҳосили кам овард.
Исроил Бобобеков, деҳқон: “Об дер омад, вазнин шуд. Деҳқонон дуюм зироатро кишт карда натавонистанд. Як сабабаш пойгоҳи обкашӣ аст. Пеш, аз чанд тарафи Қирғизистон об меомад. Имсол ба худашон ҳам нарасид, ба мо ҳам гузаронида натавонистанд. Оштӣ кардему об кам шуд, дер омад”.
Масъулони пойгоҳҳои обкашонӣ мегӯянд, ки аз ин ба баъд вазъ шояд беҳтар мегардад. Бобоҷон, корманди пойгоҳи обкашии ноҳияи Ҷаббор Расулов: “Канал пур шуда меояд. Даҳ мукааб об меояд. Акнун ҳаво гарм шавад, то 12 мукааб ҳам зиёд мешавад.”
Дар ҳамин ҳол деҳқонони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, имсол тамоман мушкили об надоштанд. Қисме аз заминҳои кишоварзии ин ноҳияи марзӣ низ бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон барои истифода оби муштарак доранд. Исмоил Мадаминов, деҳқон: “Даруни Қирғизистон канал мегузарад, об меояд. Ҳоло нағз.”
Таъмини об дар минтақаҳои наздимарзӣ аз душвориҳои асосӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон номбар мешавад. Дар панҷ соли охир, тақсими об чанд дафъа боис ба сар задани муноқиша миёни ду тараф шуд ва ба ҷангҳои хунин кашонд.
Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои кашидани хати сарҳад, ки сарчашмаи об ва тақсими онро низ дар бар мегирад, моҳи марти имсол ба поён расид. Кишоварзон мегӯянд, имзои созиши марзӣ мушкили онҳоро то андозае ҳал кард, аммо ба қавли онҳо «хасисӣ»и табиат нагузошт, ҳосили бештар бигиранду зиндагии ноосудаашон пас аз солҳо осудатар шавад.