Аз соли 2001 ҳамкори Бахши тоҷикии радио "Озодӣ" мебошад. Пеш аз он хабарнигори радиои "Садои Хуросон" дар Душанбе буд. Муассис ва сардабири ҳафтаномаи "Суруш" буд. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад.
Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли номае ба унвони ҳукумати Тоҷикистон хостори шомил кардани намояндагони худ ба ҳайати Гурӯҳи корие шудаанд, ки қарор аст мизони зиёни антенаҳои ин ширкатҳоро мушаххас кунад.
Мақомоти ҳифзи тартиботи Тоҷикистон ному насаби фарди дар амалиёти низомӣ дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт боздоштшударо ошкор карданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабари нопадид шудани ҷасадҳои аъзои гурӯҳи мусаллаҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Далатов) аз мурдахонаи бемористони Ғармро рад кард. Мақомоти ин вазорат мегӯянд, ҷасадҳои ин афрод ба соҳибонашон дода намешаванд.
Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, зуҳри рӯзи ҷумъа меҳмони сӯҳбати онлайни радиои Озодӣ буд ва ба ҳудуди 100 суоли хонандагон посух дод.
Бозор Собир, шоири маҳбуб ва саршиноси тоҷик, ки дар Амрико ба сар мебарад, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар фурудгоҳи Душанбе мавриди истиқболи бесобиқаи ҳаводорон, дӯстон, ҳамқаламон ва хабарнигорони зиёде қарор гирифт.
Исфандиёр Раҳим Машоӣ, раиси дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон, зимни натиҷагирӣ аз сафари худ ба Тоҷикистон гуфтааст, Эрон равобиташ бо кишварҳои Осиёи Марказиро, ҷудо аз манофеъи Тоҷикистон думбол намекунад. Ӯ гуфтааст, Эрон аз Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад ва дар ин амр кӯтоҳ нахоҳад омад.
Расо як соли пеш, 11 июли соли 2009 бар асари як иттифоқи то кунун мармуз, Мирзо Зиёев, фармондеҳи нерӯҳои кулли собиқ ИНОТ ва вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон дар шарқи кишвар кушта шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ӯ аз тири ҳамсилоҳони худаш кушта шуд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳеҷ робитае бо ширкати IRS, ки ба пулчинӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ машғул аст, надорад ва молики IRS низ нест. Қаблан "Азия плюс" аз қавли "Садои Олмон" навишта буд, Нуралиев муассиси IRS мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз ба қасди ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории иқтисодии АврОсиё ба шаҳри Остонаи Қазоқистон сафар кард. Қарор аст дар ин нишаст ҳамгироии кишварҳои узви АврОсиё дар заминаҳои иқтисодӣ, молӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, вакили порлумон ва вориси сиёсии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари мухолифони пешин ва муаллифи яке аз ду имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон аз ширкат дар таҷлили 13 -умин солгарди имзои ин санад худдорӣ кард. Ва барои аввалин бор ин Рӯз бе ширкати яке аз ду ҷониби суҳкунанда таҷлил мешавад.
Масъулини ширкати эронии «Сангоб», ки машғули сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар рӯдхонаи Вахш ҳастанд, мегӯянд, Узбакистон вагонҳои дар банди ҳомили масолеҳи сохтмонии ин ширкатро раҳо кардааст. Раҳоии ин вагонҳо ба думболи он сурат мегирад, ки Эрон Узбакистонро таҳдид ба таҳрими ҳамсон намуд.
Вазорати нақлиёт ва ва коммуникатсияи Тоҷикистон бо нашри як баёния иддаъои ғайри қонунӣ будани фаъолияти ширкати IRS-ро, ки ба ҷамъоварии малбағ дар роҳи Душанбе - Чанак машғул аст, рад карда, фаъолияти онро дар ростои қонун ва манофеъи давлатии Тоҷикистон эълон кардааст.
Ширкати Талко ё корхонаи алюминиюми Тоҷикистон поёни муҳосибаи мустақилонаи масорифи молии худро эълон кардааст. Мақомоти Талко мегӯянд, дар замони таъиншуда хулосаи баррасии фаъолияти ин ширкат аз сӯи "Moore Stephens" низ нашр хоҳад шуд.
Мақомот ва сокинони ноҳияи Тавилдара дар шарқи Тоҷикистон, бо гузашти як сол аз даргириҳои миёни нерӯҳои давлат ва як гурӯҳи мусаллаҳ, аз он ҳаводис ёдоварӣ кардаанд. Дар ин даргириҳо Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон, кушта шуда буд.
Роза Отунбоева, ба думболи бӯҳрони ҳокимият дар Қирғизистон ба раҳбарии ҳукумати муваққати ин кишвар нишаст. Ҳоло маълум нест, ки хонум Отунбоева битавонад дар интихоботи шаш моҳи баъд барои раёсати ҷумҳурӣ низ рақобат кунад. Аммо собиқаи ӯ поктарин корнома дар байни сиёсатмадорони ин ҷумҳурӣ дониста мешавад.
Дар ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе сабти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ба поён расидааст. Аммо аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, то кунун номзадҳои онҳо имкони мулоқоти мустақим бо мардумро дар пойтахт пайдо накардаанд.
Мақомоти ҲСДТ мегӯянд, матлабе, ки ахиран хабаргузории давлатии «Ховар» пахш кардааст, як навъ аксултаблиғ бар зидди номзади ин ҳизб дар Бадахшон ба мақоми вакили парлумон мебошад.
Тағйироти кадрие, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯзи пеш дар як қатор шаҳру навоҳӣ анҷом дод, баҳсу баррасиҳои зиддунақизеро дар пай доштааст.
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт барои баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ дар кишвар ҳамаи заминаҳо мавҷуданд.
Сиёсатшиносон мегӯянд, интихоботи порлумонии моҳи феврали Тоҷикистон дар сояи таблиғот барои харидории саҳмияҳои Роғун қарор гирифтааст. Бо вуҷуди он ки 20 рӯз аз эълони баргузории интихобот сипарӣ мешавад, то кунун ягон номзад шаҳодатномаи номзадӣ нагирифтааст.
Ёфтҳои бештар